Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Меню

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ ҳамчун муассисаи илмию таҳқиқотӣ бо Фармони Президенти Ҷумхурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, таҳти №Ф11-173, аз 19 июли соли 1991 ва Қарори Девони Вазирони Ҷумхурии Тоҷикистон, таҳти №294, аз 27 сентябри соли 1991 таъсис ёфта, самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсади асосии созмондиҳии Академия баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии илми кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамкориҳо бо муассисаҳои соҳавии ватанию хориҷӣ ва таъмини илмии рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мебошад.

Рушди Академия дар давраи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №790  “Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020” тасдиқ гардида, иҷрои барномаи мазкур ба рушди Академия мусоидат намуд. Бо мақсади рушди минбаъдаи Академия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2021, №171 “Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025” тасдиқ гардид.

Академия ҳамоҳанги таҳқиқоти илми кишоварзӣ дар ҳамаи зерсохторҳои Комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар рушди бахшҳои соҳа ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти он нақши бориз дорад. Бо назардошти ин, дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18 марти соли 2020 қайд гардидааст «Вазифаи асосии Академияи мазкур тавассути фаъолияти илмӣ дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ноил гардидан ба дастовардҳои навтарин дар ин самт ва мусоидат ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошад».

 Сохтори нави Академия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2008, №215” тасдиқ гардида, ҳоло дар ҳайати Академия 11 муассисаи илмӣ, аз он ҷумла Институтҳои зироаткорӣ, боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, хокшиносӣ ва агрохимия, чорводорӣ ва чарогоҳ, тибби ветеринарӣ, масоили амнияти биологӣ ва биотехнология, иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ, Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ ва Маркази илмии кишоварзии Помир фаъолият менамоянд. Муассисаҳои илмӣ дорои 24 филиал, стансия ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ мебошанд.                                                     Академияи илм­ҳои кишоварзии То­ҷи­кис­тон (минбаъд Академия) муассисаи давлатии худидораи илмӣ буда, дар фаъолияти худ ҳалли масъала­ҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳба­рии илмию методии рушди тадқиқот­ҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари дастовард­ҳои илм ва тайёр кардани кадр­ҳои илмии баландихтисосро таъмин менамояд.

 Академия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон ва дигар санад­ҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон, ҳамин Оиннома ва санад­ҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон эътирофшударо ба роҳбарӣ мегирад

Суроға: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”

Почтаи электронӣ: taskhn@mail.ru

Тамос: (+992 37) 221-70-04

1
Пресс центр
Таҷлили бошукӯҳи ҷашни ТиргонТаҷлили бошукӯҳи ҷашни Тиргон
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027–2036ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БАРОИ НАСЛҲОИ ОЯНДА, СОЛҲОИ 2027–2036
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ
ВОХӮРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АИКТ БО САФИРИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ҶОНГ СОНГ ШИКВОХӮРИИ ПРЕЗИДЕНТИ АИКТ БО САФИРИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ ҶОНГ СОНГ ШИК
Участие в формате видеоконференцсвязи в Международной научно-практической конференции «Развитие аграрной науки и научного обеспечения АПК Казахстана: теория, методология, практика».Участие в формате видеоконференцсвязи в Международной научно-практической конференции «Развитие аграрной науки и научного обеспечения АПК Казахстана: теория, методология, практика».
Направления
Робитаҳои байналмилалӣ
Эълонҳо оид ба ҳимоя
Гузоришҳои АИКТ
Полезные ссылки
Шӯъбаи молия ва хоҷагидорӣ
Раёсати академия
Шӯъбаи илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ
Шӯъбаи итилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ
Шӯъбаи ёрирасон
Документы
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи давраи то соли 2030
2026-04-09T10:37:00Z
ОИННОМАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ КИШОВАРЗИИ ТОҶИКИСТОН
2025-08-21T11:27:00Z
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Институти тибби ветеринарӣ
Институти тибби ветеринарӣ
Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ
Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ
Институти зироаткорӣ
Институти зироаткорӣ
Институти хокшиносӣ ва агрохимия
Институти хокшиносӣ ва агрохимия
Институти чорводорӣ ва чарогоҳ
Институти чорводорӣ ва чарогоҳ
lМаркази миллии захираҳои генетики
lМаркази миллии захираҳои генетики
Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ
Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ
Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология
Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнология
Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарвари
Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарвари
Страницы
Дар бораи Академия
Фаъолият
Барномаҳо ва лоиҳаҳо
Тамос
Шӯрои диссертатсионӣ
Гузоришҳои АИКТ
Робитаҳои байналмилалӣ
Нома ба мақомот
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал
Институти чорводорӣ ва чарогоҳ
Институти тибби ветеринарӣ
Институти иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ
Институти масоили амнияти биологӣ
Маркази милли захираҳои генетикӣ
Дар бораи Академия
Тамос
Институти зироаткорӣ
Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқоти пиллапарварӣ
Институти боғу токпарварӣ