Муассисаи давлатии илмии «Институти ҳифзи растаниҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон» (минбаъд — Институт) бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 500 аз 27 сентябри соли 2025 таъсис дода шудааст.
Институт муассисаи илмии соҳавӣ буда, фаъолияти он ба гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи ҳифзи растаниҳо, омӯзиши ҳашароти зараррасон ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ, таҳияи усулҳои муосири мубориза бар зидди онҳо ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ равона гардидааст.
Мақсади асосии фаъолияти Институт рушди илм дар соҳаи ҳифзи растаниҳо, таъмини амнияти фитосанитарӣ, пешгирӣ ва кам намудани зарари организмҳои зараровар, такмили усулҳои мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои растаниҳо, инчунин мусоидат ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.