24 ноябри соли 2024 ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дар Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар баробари ин, роҳбарияти Агентии содирот дар ҳошияи Конфронс бо роҳбарияти як қатор субъектҳои соҳибкории кишвари мазкур, гуфтушунидҳои мустақимро анҷом дода, зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҷалби сармоягузорӣ дар таъсиси марказҳои логистикӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар самти коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ, ибрози назар намуданд.
Дар робита ба ин, дар доираи баргузории чорабинии мазкур ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ сармоягузорӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Риёз баргузор гардида, дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи мазкур бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои байни Агентии содирот ва Кумитаи рушди содироти Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.