17 сентябри соли 2026 дар ҳошияи нахустин нишасти сарони “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” дар шаҳри Сеул мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо муовини Президенти Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) хонум Мисс Ёнг-Ах-Дох баргузор гардид.
Зимни мулоқот Сироҷиддинзода Баҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон имконияти зиёди содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ ва мавсимӣ, ангур, себ, афшураҳои мева, асал, чормағз, меваи хушк ва маҳсулоти саноатӣ, бахусус нахи пахта, алюминий ва дигар намуди маҳсулотро дошта, метавонад дар баробари давлатҳои ҷанубу шарқ ба Ҷумҳурии Корея содирот намояд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаи ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) барои сохта ва ба истифода додани маркази агрологистикӣ дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки бунёди чунин марказҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифат ва мутобиқ ба стандартҳои куриягӣ бандубаст карда, бо нархҳои барои ҳарду ҷониб мусоид, ба бозорҳои Курия ва бозорҳои сеюм содирот намоем.
Дар анҷоми мулоқот хонум Мисс Ёнг-Ах-Дох ҳавасмандии худро барои барассии татбиқи лоиҳаи болозикр ва густариши ҳамкорӣ изҳор намуд.