Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” 16 сентябри соли 2026, дар шаҳри Сеул аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санадҳои баимзорасида бахшҳои гуногуни ҳамкориро фаро гирифта, заминаи мусоиди густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, гумрукӣ, энергетика, маориф ва гуманитариро миёни ду кишвар боз ҳам таҳким мебахшанд.
Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA) ба имзо расид, ки барои муаррифии бештари имкониятҳои содиротии маҳсулоти ватанӣ, омузиши таҷриба ва иштирок дар намоишгоҳҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд.