25 августи соли 2026 вохӯрии директори Агентии содирот Сироҷиддинзода Баҳриддин бо намояндагони Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, директори Агентии содирот қайд намуд, ки мақсад аз баргузории мулоқоти имруза ин пеш аз ҳама иҷрои супоришҳои аз натиҷаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба санадҳои ба имзо расида дар рушди содироти маҳсулоти ватанӣ мебошад.
Ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ, бахусус дар самти содирот, аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷонибҳо ба рушди савдои мутақобилан судманд, пешбурди маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои нав ва таҳкими робитаҳои институтсионалӣ миёни сохторҳои марбутаи ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки Тоҷикистон имконияти зиёди содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро дошта, метавонад дар баробари дигар давлатҳо ҳамчунин ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, маҳсулоти ватаниро содирот намояд.
Дар маҷмуъ мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуда, ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, тибқи барнома намояндагони Саридораи гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати бо фаъолияти корхонаҳои паррандапарварии ватанӣ шиносоӣ намудан ба нақша гирифта шудааст.