7 августи соли 2026 мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо раиси Шурои тиҷоратии Туркияву Тоҷикистон Рушен Четин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар самти содирот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои содиротии кишвар аз ҷумла, татбиқи марказҳои логистикии содиротӣ мубодилаи афкор намуданд.
Сироҷиддинзода Б. қайд намуд, ки Тоҷикистон имконияти зиёди содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ ва мавсимӣ, ангур, себ, афшураҳои мева, асал, чормағз, меваи хушк ва маҳсулоти саноатӣ, бахусус нахи пахта, алюминий ва дигар намуди маҳсулотро дошта, метавонад дар баробари давлатҳои ҷанубу шарқ ба Ҷумҳурии Туркия содирот намояд.
Раиси Шурои тиҷоратии Туркияву Тоҷикистон зимни мулоқот масъалаи содирот намудани маҳсулотҳои Тоҷикистонро ба бозорҳои Туркия ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳо ибрози назар намуд.