13 августи соли 2026 вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо намояндаи Корпоратсияи байналмилии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратии Бонки Исломии Рушд (ITFC) баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Директори Агентии содирот қайд намуданд, ки дар самти ҷудо намудани маблағгузории имтиёзнок барои ҳавасмандгардонии соҳаи пахтакорӣ ва коркарди саноатии пахта, ки рушди устувори соҳаҳои мазкур зери таваҷҷуҳи доимӣ ва бевоситаи Пешвои муаззами миллат қарор дорад, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, ҳамкории зичи Агентии содирот бо Корпоратсияи байналмилии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратии Бонки Исломии Рушд (ITFC) ба роҳ монда шудааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба баррасии татбиқи Созишнома байни Тоҷикистон ва ITFC дар соҳаи пахта ва баррасии Созишномаи чаҳорчӯби ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2029 муҳокимаронӣ намуда, рушди минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаҳои таваҷҷуҳи тарафайн муҳим арзёбӣ намуданд.