29 январи соли 2025 мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кореньков Евгений Анатольевич баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россияро дар самти содирот баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳҳои тавсеаи ин муносибатҳои тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар соҳаи тиҷорату содирот имконоту иқтидорҳои бузурги ҳамкорӣ дорад ва ҷониби Федератсия Россия метавонад онҳоро дар асоси манфиатҳои мутақобилан судманд истифода намояд.
Қайд гардид, ки гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Россия дар соли 2024 дар маҷмуъ 1,98 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 15,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар мулоқот, инчунин масъалаи таъсиси маркази логистикии содироти дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат дар дарёфти маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи иқдоми мазкур изҳори омодагӣ намуд.
Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддинзода Баҳриддин қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияти васеи содироти маҳсулоти кишоварзии барвақтию мавсимӣ ва молҳои саноатӣ буда, дар ин самт барои ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги савдои Федератсияи Россия ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар маҷмуъ мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуда, ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуданд.