17 феврали соли 2025 мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистонро дар самти содирот баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳҳои тавсеаи ин муносибатҳои тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.
Қайд гардид, ки дар соли 2024 гардиши савдои хориҷии байни ҷонибҳо 58 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбати соли 2023 10,1 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин, дар аснои мулоқот, ҷонибҳо масъалаи зиёд намудани номгӯйи маҳсулоти содиротии ватанӣ ба бозорҳои Покистон, таъсиси маркази муштараки логистикии содиротӣ дар кишвар ва баромадан ба логистикаи баҳрӣ тавассути бандарҳои Карочӣ, Гвадар ва Қосимии Ҷумҳурии Исломии Покистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷом тарафҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида изҳори омодагии худро баён намуданд.