27 феврали соли 2025 мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Баҳриддин Сироҷиддинзода бо директори генералии ҶС «Марказ рушди содирот «QazTrade»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Алдажаров Айтмухамед баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Агентии содирот ва ҶС «Марказ рушди содирот «QazTrade» мубодилаи афкор намуданд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода қайд намуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз муҳимтарин шарикони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта дар соли 2024 гардиши савдои дуҷониба 1 млрд 293 млн долларо ташкил намудааст. Тибқи нақша гардиши савдо байни давлатҳо бояд ба 2 млрд доллар расонида шавад. Вобаста ба ин моро зарур аст, ки ҳамкориро ҷиҳати зиёд намудани гардиши савдои мутақобила чораҷӯӣ намоем.
Дар мулоқот, инчунин Харитаи роҳи ҳамкории фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон “Ширкати савдою сармоягузории “ҚазТрейд Тоҷикистон” дар соли 2025 ва масъалаи содироти пиёзи барвақти ба бозорҳои Қазоқистон мавриди муҳокимаронӣ гардид.
Алдажаров Айтмухамед пешниҳодҳои Агентии содиротро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ тибқи Харитаи роҳ ва дарёфти ҳамшарикон дар воридот намудани пиёзи барвақти ба бозорҳои Қазоқистон изҳор намуд.
Дар охир ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди ҳамкориро идома дода, барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда чораҳои мушаххас андешанд.