19 феврали соли 2025 мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибн Абдураҳмон Ар-Решайдон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти содирот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои содиротии кишвар аз ҷумла, татбиқи марказҳои логистикии содиротӣ мубодилаи афкор намуданд.
Сироҷиддинзода Б. қайд намуд, ки Тоҷикистон имконияти зиёди содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз ҷумла меваю сабзавоти барвақтӣ ва мавсимӣ, обҳои нӯшокӣ, афшураҳои мева, асал, чормағз, себ, пиёзи барвақтӣ ва сирпиёз ва дигар намуди маҳсулотро дошта, метавонад дар баробари давлатҳои ҷанубу шарқ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маҳсулоти ватаниро содирот намояд.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки Тоҷикистон омодааст, ки бо ҷалби сармоягузорони Саудӣ ҷиҳати сохта ва ба истифода додани марказҳои логистикии содиротӣ, ки чунин марказҳо имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифат ва мутобиқ ба стандартҳои Саудиро бандубаст карда бо нархҳои барои ҳарду ҷониб дастрас, ба бозорҳои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва бозорҳои сеюм содирот намояд.
Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот масъалаи воридот намудани маҳсулотҳои Тоҷикистонро ба бозорҳои Саудӣ ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати мусоидат барои дарёфти ҳамшарик аз ширкату фондҳои Саудӣ дар татбиқи марказҳои логистикии содиротӣ иброз намуд.