13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон бо иштироки ҳайатҳои расмӣ доир шуд.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои афзун намудани робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва истифодаи имконоти ҳарду кишвар дар ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Вобаста ба ин, сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки Шурои байниҳукуматӣ бо роҳбарии сарвазирон таъсис дода шавад. Ба ин ниҳоди нав дастур дода шуд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро то ба 500 миллион доллар расонад.
Ҳамзамон, дар ҳайати расмӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Сироҷиддинзода Баҳриддин иштирок намуда, дар он Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот”-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар самти тақвият додани ҳамкориҳо ва афзун намудани содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба Қирғизистон ба имзо расонида шуд.