7 марти соли 2025 дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар оғоз Директори Агентии содирот модарон ва бонувонро бо рӯзи Иди Модар табрик намуда, иброз дошт, ки дар Ватани маҳбуби мо бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеъ ва нуфузи занон, таъмини ҳуқуқҳо, шаъну шараф ва камолоти касбию сиёсии онҳо баланд бардошта шудааст ва имрӯз бонувони тоҷик дар пешбурди ҳаёти ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.
Дар чорабинӣ, ҳамзамон бонувон барои саҳми арзанда дар фаъолияти Агентии содирот қадрдонӣ карда шуданд.