7 феврали соли 2025 таҳти роҳбарии директори Агентии содирот бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директор ва сардорони воҳидҳои сохторӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии содирот дар соли 2024 маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нишондиҳандаи содироти ҷумҳурӣ бе дарназардошти металлҳои қимматбаҳо 1 600,2 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2023 (соли 2023- 1 307,6 млн доллар бе металлҳои қимматбаҳо) 292,4 млн доллар ё 22,4 фоиз зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти саноатӣ бе дарназардошти металлҳои қимматбаҳо ва нимқимматбаҳо 1 миллиарду 543,5 миллион долларро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли 2023 (соли 2023-1259,5) 284,0 миллион доллар ё ин ки 22,5 фоиз зиёд гардид.
Инчунин, ба маблағи 56,7 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2023 8,6 млн доллар ва ё 17,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзӣ меваи хушк 90,1 ҳазор тонна ба маблағи 31,7 млн доллар, меваљот 40,2 ҳазор тонна ба маблағи 13,2 млн доллар, сабзавот 30,9 ҳазор тонна ба маблағи 3,5 млн доллар ва дигар намуди мањсулоти кишоварзї 6,7 ҳазор тонна ба маблағи 8,3 млн долларро ташкил дод.
Сипас байни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва роҳбарияти Агентии содирот доир ба самтҳои фаъолият саволу ҷавоб сурат гирифт.