7 июли соли 2026 дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоту ташкилоти давлатӣ ва шаҳрвандон дар соли 2026, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди малакаҳои рақамӣ дар Агентии содирот бо иштироки намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти алоқа, Бонки миллӣ, роҳбарият, кормандони Агентӣ ва КВД «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа доир мавзуҳои татбиқи ҳукумати электронӣ (портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ (ekhizmat.tj), низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷати электронӣ, низомҳои пардохти ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи додаҳо (асосҳои амнияти рақамӣ, фарҳанги истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ), технологияҳои муосир (АI, Big Data, Cloud), баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамӣ ва салоҳиятҳои касбии кормандони мақомоту ташкилоти давлатӣ, таъмини татбиқи самараноки ҳукумати электронӣ, таҳкими амнияти иттилоотӣ ва густариши истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва презентатсия пешниҳод карда шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди малакаи рақамии кормандон, таъмини татбиқи самараноки ҳукумати электронӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ мусоидат менамояд.