Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Муғулистон, 21 июли соли 2026, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Санадҳои баимзорасида бахшҳои гуногуни ҳамкориро фаро гирифта, заминаи мусоиди густариши робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, гумрукӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро миёни ду кишвар боз ҳам таҳким мебахшанд.
Аз ҷумла, ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ АГЕНТИИ СОДИРОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АГЕНТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА САВДОИ МУҒУЛИСТОН ОИД БА ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ СОДИРОТ ба имзо расид, ки барои муаррифии бештари имкониятҳои содиротии Тоҷикистон дар Муғулистон мусоидат менамояд.