10 июли соли 2026 бо иштироки директори Агентии содирот, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директор ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии содирот дар нимсолаи якуми соли 2026 маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда сохтори содирот сол аз сол васеъ гардида, дар давраи ҳисоботӣ ҳам номгӯи маҳсулоти ватанӣ ва ҳам кишварҳое, ки ба онҳо молу маҳсулот содирот карда мешаванд, тамоюли рӯ ба афзоиш доранд.
Дар нимсолаи якуми соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши савдои хориҷиро бо 127 давлатҳои хориҷаи дуру наздик ба маблағи 6,8 млрд доллар ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 2,1 млрд доллар ё 43,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз кишвар ба 44 давлати хориҷаи дуру наздик молу маҳсулоти ватанӣ содирот шуда, Шветсария, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Узбекистон ва Белгия дар панҷгонаи аввал қарор доранд.
Нишондиҳандаҳои содироти ҷумҳурӣ нимсолаи якуми соли 2026 ба 1,6 млрд доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 623,7 млн доллар ё 65,3 фоиз зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти саноатӣ 1,5 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 617,0 млн доллар ё 67 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра ба маблағи 40,5 млн доллар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 6,7 млн доллар ё 19,7 фоиз зиёд мебошад.
Сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби меваи хушк 26,5 млн доллар, меваҷот 7,0 млн доллар, сабзавот 6,0 млн доллар ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 1,0 млн доллар ташаккул ёфтааст.
Сипас байни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва роҳбарияти Агентии содирот доир ба самтҳои фаъолият саволу ҷавоб сурат гирифт.