8 июли соли 2026 дар меҳмонхонаи «Crowne Plaza»-и пойтахт Мизи мудаввар дар мавзуи “Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот: воситаи ҳамгироии соҳибкории хурд ва миёнаи Тоҷикистон ба занҷираҳои миллӣ ва байналмилалии арзиши иловашуда” баргузор мегардад.
Ташкилкунандагони чорабинӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарикӣ бо Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ мебошанд.
Дар муҳокимаҳо намояндагони ҳайати дипломатӣ, шарикони байналмилалии рушд, роҳбарони сохторҳои давлатии марбута, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ иштирок хоҳанд намуд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ – баррасии механизмҳои амалии татбиқи Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот мебошад. Барномаи мазкур ҳамчун ҷузъи сеюми лоиҳаи васеъмиқёси «Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусии Тоҷикистон», ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ) маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад.
Мавзуъҳои калидии Мизи мудаввар:
Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот, ки мавриди амал қарор мегирад, яке аз воситаҳои муҳими амалӣ барои иҷрои вазифаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 хоҳад шуд.