26 июни соли 2026 дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, зимни он роҳбарияти Агентии содирот ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуда, иброз доштанд, ки Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори кишвар заминаи боэътимод фароҳам овардааст.
Зимни суханронӣ, аз нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар иброз гардида, таъкид гардид, ки маҳз боталошҳои пайгиронаи Сарвари давлат Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф шудааст.
Инчунин, иштирокчиёни чорабиниро бо қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмиллалӣоид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои2027–2036)», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, табрик намуда, зикр гардид, ки қабули ин қатънома далели эътирофи нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалии сулҳофар ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки ҳифз ва таҳкими Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар буда, танҳо дар фазои ваҳдат ва ҳамбастагӣ метавон ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардид.