Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «Суғд – 2026» баргузор гардид.
Ба иштирокдорони намоишгоҳ имкониятҳои сармоягузорӣ, иқтидори соҳаҳои саноат ва кишоварзии вилояти Суғд муаррифӣ гардид. Зимни боздид аз намоишгоҳ меҳмонон бо маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои вилоят шинос шуда, ба сифат ва гуногунрангии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар намоишгоҳ беш аз 200 ширкати истеҳсолии вилояти Суғд маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузошта, дастовардҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои содиротии худро муаррифӣ намуданд.