16 июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохурии ҳайати кишвар бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи Чаҳорчӯби ҳамкории кишварӣ барои солҳои 2023–2026, пешбурди лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохторӣ ва таҳкими пайвастагии минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, рушди устувор ва татбиқи самараноки лоиҳаҳои муштарак таъкид карданд.