9 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини директори Агентии содирот назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори навтаъйиншудаи Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи савдоию иқтисодиро баррасӣ намуда, мавҷудияти иқтидори назарраси истифоданашударо дар муомилоти молии байни ду кишвар қайд карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба имкониятҳои афзоиши содироти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Латвия, аз ҷумла маҳсулоти комплекси агросаноатӣ, саноати бофандагӣ ва сабук, меваҳои хушк ва маҳсулоти коркарди онҳо равона карда шуд.