8 майи соли 2026 дар шаҳри Пекин вохӯрии ҳайати Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон, Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода ва муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолзода Абдуғаффор бо Раиси Шӯрои Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба мусоидат ба Рушди савдои байналмилалӣ Жэн Хунбин баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо сараввал масъалаҳои омодагӣ вобаста ба чорабиниҳои дарпешистодаро муҳокима намуданд.
Инчунин, дар доираи вохӯрӣ таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак баҳри рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баён доштанд.