10 апрели соли 2026 бо иштироки Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директор, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарияту кормандони КВД «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Шарҳи санадҳои қонунгузорӣ, байналмилалӣ ва барномавӣ дар бораи муқовимат бо коррупсия» ҷаласа баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Агентии содирот ифтитоҳ намуда, вобаста ба масъалаи рӯзнома ба ҳозирин доир ба тадбирҳои амалинамуда дар самти муқовимат ба коррупсия ба таври муфассал маълумот пешниҳод намуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 тасдиқ шудааст, ҳамасола бо фармоишҳои дахлдори директори Агентӣ Комиссияи дохилиидоравии Агентии содирот оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъсис ва Барномаву Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тасдиқ карда мешаванд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таърихи пайдоиши коррупсия ва марҳилаҳои ташаккулёбии он, таҷрибаи давлатҳои муваффақи ҷаҳон дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб ба саъми иштирокчиён маълумоти муфассалу таҳлилӣ пешниҳод гардид.