3 апрели соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди содироти Тоҷикистон”-и Агентиисодироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои минбаъда ҷаласа баргузор гардид.
Дар кори маҷлис роҳбарияти Агентии содирот, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзоёни ҳизб иштирокнамуданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рушди содироти Тоҷикистон” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, омӯзиши паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 16 декабри соли 2025, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2026 ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.