18 марти соли 2026 бо иштироки раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, директори Агентии содирот Сироҷиддинзода Баҳриддин ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон якчанд иншоот аз ҷумла, маркази саломатии таъмиру азнавсозгардидадар ҷамоати деҳоти Даҳана, коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонӣ дар деҳоти Гулсара Юсуфова,коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонӣ дар ҷамоати шаҳраки Ёвон, ифтитоҳи майдони Нишони давлатӣ, сехи дузандагӣ ва маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов ва маркази саломатии таъмиру азнавсозгардида дар ҷамоати деҳоти Обшоронмавриди истифода қарор дода шуданд.
Ҳамчунин, дар идомаи сафар аз рафти сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 дар ноҳия ва лоиҳаи сохтмони майдончаи варзишӣ дар деҳаи Дӯстӣ боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ, сатҳу сифати корҳои анҷомёфта, таъмини иншоот бо масолеҳи сохтмонӣ ва риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ шинос гардида, бо масъулин ва сохтмончиён суҳбати судманд анҷом доданд.
Зимни шиносоӣ бо иншоот ва мулоқот бо сокинон ташаббус ва саҳми онҳоро дар корҳои ободонию созандагӣ баланд арзёбӣ намуда, таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо барои таҳкими арзишҳои миллӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум аҳамияти муҳим доранд.
Бояд зикр намуд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз-2026 дар ноҳияи Ёвон ба истифода дода шудани чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳия ва баланд гардидани рӯҳияи ватандӯстии аҳолӣ мусоидат менамояд.