18 феврали соли 2026 вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Вазири саноат, маъдан ва савдои Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидмуҳаммад Атобак баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ директори Агентии содирот вобаста ба муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон, ки бевосита аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос мегирад, иброз намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳои логистикӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар самти коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ, содироти нахи пахта, инчунин ташкили намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Теҳрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар маҷмуъ мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуда, ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуданд.