Бо мақсади омӯзиши паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 19 январи соли 2026 бо иштироки коршиносони варзида ва доираи васеи роҳбарияту кормандони Агентии содирот ва сохторҳои зертобеи он ҷамъомад доир гардида, дар он доир ба нуктаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди таҳлили амиқу муҳокима ва баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷа протоколи дахлдор таҳияву тасдиқ гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ, директори Агентии содирот паҳлуҳои муҳими паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, самтҳои фаъолиятро вобаста ба иҷрои супоришҳои Пешвои миллат дар соҳаи содирот муайян намуданд. Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими стратегӣ буда, самтҳои асосии рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар, таҳкими сиёсати хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро муайян менамояд.
Дар охир қайд, ки дар робита ба иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ Агентӣ тасдиқ гардида ва иҷрои саривақтии он аз ҷониби кормандон амалӣ карда шавад.