30 январи соли 2026 бо иштироки директори Агентии содирот, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директор ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии содирот дар соли 2025 маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда сохтори содирот сол аз сол васеъ гардида, дар давраи ҳисоботӣ ҳам номгӯи маҳсулоти ватанӣ ва ҳам кишварҳое, ки ба онҳо молу маҳсулот содирот карда мешаванд, тамоюли рӯ ба афзоиш доранд.
Дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба 64 кишварҳои хориҷаи дуру наздик молу маҳсулоти саноатию кишоварзӣ содирот гардида, номгӯи онҳо ба зиёда аз 500 номгўй расид ва ҳиссаи воридот дар савдои хориҷии кишвар ба тадриҷ коҳиш ёфта истодааст.
Дар соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши савдои хориҷиро бо 128 давлатҳои хориҷаи дуру наздик ба маблағи 10 млрд 793 млн доллар ба роҳ мондааст, ки нисбат ба соли 2024 1 млрд 838,1 млн доллар ё 20,5 фоиз зиёд мебошад.
Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот бо вазни қиёс ба 23,1 фоиз ва воридот ба 76,9 фоиз баробар гардид, ки мутаносибан нисбат ба соли 2024 содирот 1,4 фоиз зиёд ва воридот 1,4 фоиз кам шудааст (Дар соли 2024 ҳиссаи воридот 78,3 фоиз ва ҳиссаи содирот 21,7 фоизро ташкил дод).
Нишондиҳандаҳои содироти молу маҳсулот бо дарназардошти металлҳои қиматнок дар соли 2025 ба маблағи 2487,8 млн доллар баробар гардид.
Содироти молу маҳсулот дар соли 2025 бе дарназардошти металлҳои қиматнок 2149,6 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 549,4 млн доллар ё 34,3 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии содирот 96,8 фоизро маҳсулоти саноатӣ ва 3,2 фоизро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил дод.
Содироти маҳсулоти саноатӣ 2 млрд 408,6 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 517,9 млн доллар ё 27,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра 190,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 79,2 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 22,5 млн доллар (39,7 фоиз) зиёд мебошад.
Сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби меваи хушк 46,5 млн доллар (1,9 фоиз), меваҷот 20,7 млн доллар (0,8 фоиз), сабзавот 5,2 млн доллар (0,2 фоиз) ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 млн доллар (0,3 фоиз) ташаккул ёфтааст.
Сипас байни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва роҳбарияти Агентии содирот доир ба самтҳои фаъолият саволу ҷавоб сурат гирифт.