Аз аввали моҳи январи соли 2026 дар Агентии содирот назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратҳои корӣ бо гурӯҳи мушовирони калидии Консортсиуми «e.Gen Consultants Ltd – Inikos LLC» оғоз гардиданд.
Консортсиуми мазкур тавассути озмуни байналмилалӣ дар доираи татбиқи Қисми 3-и Лоиҳаи “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ”, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ) маблағгузорӣ мешавад, интихоб шудааст. Вазифаи асосии Консортсиум мусоидат ба Агентии содирот дар таҳия ва амалисозии самараноки Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот мебошад.
Дар ҷаласаҳои машваратӣ Нақшаи муфассали чорабиниҳо барои солҳои 2026-2028 ва нишондиҳандаҳои мақсадноки самаранокии Барнома мавриди баррасӣ ва мувофиқаи тарафҳо қарор гирифтанд.
Дар доираи нақшаи мазкур, соҳаҳои афзалиятноки татбиқи Барнома, аз ҷумла агробизнес (тиҷорат ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ), нассоҷӣ (бо тамаркуз ба тавлиди маҳсулоти дӯзандагии дорои арзиши баланди иловашуда) ва сайёҳии деҳот (рақамикунонии хизматрасониҳо ва рушди ҳунарҳои мардумӣ) дар заминаи моделҳои муосири рушд муайян карда шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии корхонаҳои хурду миёна ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дар пешбурди фаъолияти даромадноки ба содирот нигаронидашуда ва ҳамзамон барои таъмини ҳамгироии онҳо ба занҷираҳои устувори таҳвилоту содирот, тадбирҳои амалӣ пешбинӣ шудаанд.
Аз ҷумла, тадбирҳои мазкур масъалаҳои муайян намудани вазифаву самтҳои асосии фаъолгардонии дафтарҳои иҷроияи Барнома дар минтақаҳои кишвар, муҳтаво ва ҳадафҳои давраҳои омӯзишӣ, инчунин раванди ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии сифати маҳсулот, идоракунии истеҳсолот ва аккредитатсияи содироткунандагони ватаниро дар бозорҳои афзалиятноки содиротӣ фаро гирифтанд. Таваҷҷуҳи хосса ба таҳияи меъёрҳои мушаххаси интихоби баҳрагирандагони Барнома ва танзими механизми пешниҳоди кӯмаки техникӣ дар доираи маблағгузории грантӣ зоҳир карда шуд.
Татбиқи бомуваффақияти нақшаҳои пешбинишудаи Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот яке аз қадамҳои муҳим дар расидан ба ҳадафи стратегӣ – коҳиши вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз содироти ашёи хом ва афзоиши ҳиссаи маҳсулоти коркардшуда дар бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин раванд ба ҳамгироии муассири бахши воқеии иқтисоди кишвар ба занҷираҳои ҷаҳонии арзиши иловашуда мусоидат намуда, барои рушди устувори соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.