Дар Агентии содирот назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мастер-класси амалӣ оид ба идоракунӣ ва истифодаи Портали содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон — www.export.tj баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ кормандони Агентӣ бо панели маъмурии портал, идоракунии мундариҷа, феҳристи ширкатҳо ва маҳсулот, инчунин коркарди дархостҳои шарикони хориҷӣ шинос шуданд.
Портали содирот аз ҷониби ширкати IT-и «ШЕДЕВР»таҳия гардида, коркард ва ҷорӣ намудани он аз ҷониби дастаи таҳиягарон таҳти роҳбарии Мубориз Субҳонов анҷом дода шуд. Дар натиҷаи омӯзиш фаъолияти портал баҳои мусбат аз ҷониби кормандони Агентӣ гирифт.
Қаблан портали содирот рӯзи 11 декабр дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe дар доираи чорабинии «Беҳтарин содиротчии Тоҷикистон» расман ва тантанавор муаррифӣ шуда буд. Дар ҷараёни маросим калидҳо ва сертификати платформа аз ҷониби директори ҶДММ «ШЕДЕВР» Мубориз Субҳонов ба директори Агентии содирот назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода расман супорида шуданд.
Роҳбарияти Агентӣ платформаи таҳияшударо баланд арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки ин лоиҳаи IT ба ташаббусҳои Президенти муҳтарам Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рақамисозии иқтисод ва рушди инноватсионӣ барои солҳои 2025–2030 мутобиқат мекунад.