15 декабри соли 2025 ҷаласаи маҷозии навбатии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Генадиевич Решетников баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷонибҳо рафти иҷрои супоришҳо ва дастурҳои роҳбарони ду давлатро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буданд, муфассал баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои афзоиши содироти ангур ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия зоҳир карда шуд.
Дар ин замина, иштирокчиёни мулоқот вазъи кунунии созишномаҳое, ки дар натиҷаи сафари роҳбарияти КВД “Тоҷагропромэкспорт”- Агентии содирот ба Федератсияи Россия пешниҳод шудаанд, мавриди муҳокимаронӣ қарор доданд.
Маълумот дода шуд, ки баимзорасонии шартномаҳои ҳамкорӣ оид ба содироти ангур байни КВД “Тоҷагропромэкспорт”-Агентии содирот бо ширкатҳои бузурги Россия ҶСК "Grand Trade", X5 Retail Group, ҶДММ "Auchan-Russia" дар марҳилаи ниҳоӣ қарор гирифта, то охири моҳи декабри соли 2025 бояд ба имзо расонида шаванд.
Дар натиҷаи ҷаласа ҷонибҳо қадамҳои минбаъдаро барои татбиқи амалии масъалаҳои қайдгардида мувофиқа намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи созанда тасдиқ карданд.