11 декабри соли 2025 дар толори меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ Душанбе” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор гардид.
Озмуни мазкур соли чорум аст, ки аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баргузор гардида, дар он беш аз 200 нафар иштирокчӣ, аз ҷумла намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, роҳбарону намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, шарикони рушд, ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» ин дуруст ва дақиқ муайян кардани содироткунандагони боэътимод ва дурнамои иқтидорҳои содиротии онҳо, рушди содироту тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.
Дар чорабинӣ директори Агентии содирот суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки бо дарназардошти шиддат гирифтани таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат, маҳдудкунии содироти номгӯи муайяни маҳсулоти ниёзи аввалия аз ҷониби баъзе кишварҳо, таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири омилҳои берунӣ, ки боиси шикасти занҷираи логистикаи мавҷуда ҳангоми табодули молу маҳсулот гардидааст, барои таъмин намудани иҷрои стратегияву барномаҳои соҳавӣ дар соҳаи содирот мушкилиҳо пеш овардаанд.
Новобаста аз ин, имрӯзҳо, мову Шумо шоҳиди он ҳастем, ки бо мақсади ҳалли мушкилот ва бартараф намудани монеаҳои ҷойдошта аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳои сатҳи олӣ пайваста диққати аввалиндараҷа ба масъалаҳои дарёфти роҳҳои алтернативии логистикаи нақлиётӣ, аз ҷумла баромадан ба бандарҳои баҳрӣ, ифтитоҳи марказҳои тақсимоти яклухт бо мақсади пешбурд ва мавқеъгирии маҳсулоти ба содирот нигаронидашудаи ватанӣ дар хориҷи кишвар ва ба ҳамин васила зиёд намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, дода мешавад.
Баҳри баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди фаъолияти иқтисоди хориҷӣ аз ҷониби Агентии содирот Портали ягонаи содиротии Тоҷикистон ҳамчун савдои электронӣ таъсис дода шуда, дар он махзани маълумоти маҳсулоти содиротии ватанӣ, феҳристи содироткунандагон, воситаи ҷойгиркунии фармоишҳо ва пешниҳодҳо оид ба таҳвили маҳсулот ҷойгир карда шуда, тавассути Портал бақайдгирии шартномаҳои содиротӣ ва назорати иҷрои онҳо таъмин карда мешавад, ки дар чорабинии мазкур фаъолияти Портали мазкур барои иштирокчиён муаррифӣ карда шуд.
Бо фаъолгардонии кори Портали рақамии содиротӣ, истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ имконоти пешбурди маҳсулоти худро дар платформаҳои ҳамгироишудаи тиҷоратӣ пайдо менамоянд.
Барои иштирок дар Озмуни зикргардида 82 субъектҳои ватанӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, дархост пешниҳод намуда, 41 беҳтарин содироткунандагон аз рӯи номинатсияҳои Озмун интихоб гардида, ба ғолибон ҷоиза ва дипломи Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» тақдим карда шуд.