Дар доираи татбиқи Қисми 3-юми Лоиҳаи “Рушди бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ” – Барномаи рушди таҳвил ва содирот, ки бо дастгирии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ) амалӣ мегардад, ҳайати байниидоравии Тоҷикистон рӯзҳои 24 ноябр - 2 декабри соли 2025 сафари кориро ба Ҷумҳурии Корея анҷом дод.
Сафар, дар аснои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳлили мустақими стратегияҳо ва таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Корея дар соҳаҳои пешбурди содирот, дастгирии молиявӣ ва ғайримолиявии соҳибкории хурду миёна, рушди занҷираҳои таҳвил, сертификатсия ва аккредитатсияи байналмилалӣ, бехатарии озуқаворӣ ва ҳамгироии корхонаҳо ва хоҷагиҳои фермерии он ҷониб ба бозорҳои ҷаҳонӣ бо мақсади мутобиқсозӣ ва ҷорӣ намудани амалияҳои беҳтарин дар Тоҷикистон сурат гирифт.
Ба ҳайати байниидоравӣ намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии содирот, Агентии «Тоҷикстандарт», Палатаи савдо ва саноат, инчунин коршиносони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағгузории рушди деҳот» шомил гардиданд.
Дар рафти сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти ниҳодҳои давлатӣ, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, инчунин ширкатҳои пешрафтаи бахши хусусӣ ва доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея пазироӣ гардида, зимни мулоқотҳо, брифингҳо ва мизҳои мудаввари баргузоршуда татбиқи паҳлуҳои мақсадноки барномаи кории ҳайати Тоҷикистон ва масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокимаи судманд қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, таҳти мурофиқати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея дар Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Корея (MOTIR), Агентии пешбурди савдо ва сармоягузории Корея (KOTRA), Ассотсиатсияи байналмилалии савдои Корея (KITA), Федератсияи саноати нассоҷии Корея (KOFOTI), Корпоратсияи савдои кишоварзию моҳидорӣ ва озуқавории Корея (aT Corporation), Институти озмоишию таҳқиқотӣ ва сертификатсияи Корея (KOTITI), Маркази мувофиқати маҳсулот ба стандартҳои бехатарӣ, экология ва сифати Корея (KSL), Маркази тадқиқотии биотехнологии Осонг (KBIO), Созмони сайёҳии Корея (KTO) мулоқотҳои калидӣ баргузор гардиданд.
Ҳайат, ҳамчунин ба як қатор объектҳои пешрафтаи истеҳсолӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла гармхонаи инноватсионии “Air Dome”-и Корпоратсияи кишоварзии D&W Group, корхонаи истеҳсолии “YG-1”-и Корпоратсияи GBY, ширкати нассоҷии байналмилалии Jung Woo Textile Co., Ltd., ширкати технологияҳои эколгии SGM Global, платформаи муаррификунандаи минтақаи озоди иқтисодии Инчхон (IFEZ), Парки технологии сайёҳии HiKR Ground ташриф оварда, аз дастовардҳои технологии ширкатҳои мазкур шиносоӣ пайдо намуд.