Дар доираи иқдоми фарҳангиву маънавии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тақдими китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, гурӯҳи кории ҳукуматӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо чанд нафар аз собиқадорони меҳнати ноҳия вохӯрии самимӣ доир намуд.
Дар ҷараёни ин мулоқот, намояндагони Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз таваҷҷуҳи хоса ва ғамхории пайвастаи Сарвари давлат нисбат ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии фарҳангии ҷомеа ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки тақдими “Шоҳнома” ҳамчун туҳфаи Пешвои миллат на танҳо рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик, балки нишони муҳаббати бепоён ба ҳар як хонаводаи кишвар аст.
Боиси зикр аст, ки ҷиҳати ба ҳар як оилаи ноҳияи Ёвон дастрас намудани китоби “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳия 76 ҳазору 310 нусха китоб дар ду ҷилд ворид гардида, то ба имрӯз 59 ҳазору 810 адад (аз ду ҷилд) ба аҳолии ҷамоатҳои шаҳраки Ҳаёти Нав, деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, Ситораи Сурх, Норин, Обшорон, Гулсара Юсупова, Даҳана ва Чоргул дастрас карда шуда, ҳамчунин аҳолии Ҷамоати шаҳраки Ёвон бо 16 ҳазору 500 нусхаи китоби мазкур (8250 оила) таъмин гардиданд.
Зимни баргузории мулоқотҳо сокинони ноҳияи Ёвон аз ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки ин иқдом нишони арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ ва рамзи пайванди наслҳо мебошад.