11 ноябри соли 2025 дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» баргузор гардид, ки дар ифтитоҳи он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси вилояти Хатлон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпуси дипломатӣ ва шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳошияи Форуми мазкур панелҳои алоҳида дар мавзуъҳои «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: Имконияти рақамикунонӣ, шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили вилояти Хатлон ба маркази иқтисоди муосир» ва «Аз замин то бозор - рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» гузаронида шуд.
Дар панели «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва бо маърузаи худ вобаста ба мавзӯъи имкониятҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон баромад намуданд.