5 ноябри соли 2025 бо иштирокироҳбарият ва ҳайати васеи кормандони дастгоҳимарказӣ ва сохторҳои зертобеи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба31-солагии Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон баргузор гардид.
Директори Агентии содирот – Сироҷиддинзода Баҳриддин зимни суханронии табрикотии худ иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи давлат, шоҳсутун ва санади сарнавиштсози халқу миллат мебошад. Конститутсия ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ, ки барои истиқлолу озодии давлату давлатдории мустақили тоҷикон, пешрафти устувори он, кафили доимии амнияту суботи кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон хизмат менамояд, маҳз бо шарофати хиради азалӣ, таҳаммулпазирию ҷонфидоӣ ва азму талоши шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, ҷиҳати ноил гардидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташаккули озодонаи шахс, заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Дар фарҷом, зимни муҳокимарониҳо иштирокчиён таъкид намуданд, ки Конститутсия санади олии сиёсиву ҳуқуқиест, ки барои суботу пешрафти минбаъдаи ҷомеа заминаи боэътимод фароҳам меорад ва омӯзиши мунтазами моҳият ва аҳаммияти он барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон муҳим башумор меравад.