3 октябри соли 2025 бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Агентии содирот зимни суханронии табрикотии худ бо истинод ба суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «Забони мо дар зарфи таъриху тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик роҳи пуршебу фарозеро тай намуда, сарнавишти пурҳаводис ва ҷаҳони маънавии тоҷиконро бо тамоми обу ранг ва дурахшу ҷилои худ инъикос кардааст ва барои худшиносиву худогоҳии миллии халқи тоҷик нақши барҷаста бозидааст».
Ҳамзамон, қайд гардид, ки бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ, таваҷҷуҳу ғамхориҳои аввалиндараҷа ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуда, он пояи давлатдории тоҷикон, нишонаи ҳувият ва боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳ ва ватандӯст гардидааст.
Зикр карда шуд, ки барои ҳар шахс донистани забони давлатӣ маънои эҳтиром гузоштан ба миллат, Модар, Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошад. Имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи баланд дошта, ҳамчун забони расмии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешавад.