Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ки дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, бо кишварҳои хориҷаи дуру наздик оид ба густариши савдои дуҷониба тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар, бо мақсади таъмин намудани рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш, бо дарназардошти фаровонии маҳсулоти барвақтӣ дар кишвар афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулот, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ рӯзҳои 20-21 сентябри соли 2025 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон баргузор гардида, дар он 312 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, ки 22 номгуи маҳсулот, аз ҷумла ангур, себ, лимон, шафтолу, нок, каду, макка, меваи хушк, писта, асал, тарбуз, харбуза, карам, гулкарам, лаблабуи сурх, помидор, бодиринг, пиёз, картошка, сабзӣ, қаланфури булғорӣ, қаланфури тез ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзиро дар бар мегирад ба фуруш бароварда шуд.
Ҳадаф аз амалишавии иқдоми мазкур ин пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар мебошад.