12 августи соли 2025 мулоқоти директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сироҷиддинзода Баҳриддин бо намояндаи навтаъини тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рыбас Александ Леонидович баргузор гардид.
Дар аввал, Сироҷиддинзода Баҳриддин намояндаи навтаъини тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сабаби ба вазифаи пурмасъул таъин шуданашон самимона табрик намуда, дар раванди фаъолияташон барору комёбиҳо орзу намуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россияро дар самти содирот баррасӣ намуда, барои дарёфти роҳҳои тавсеаи ин муносибатҳои тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот, инчунин масъалаи таъсиси маркази муштараки логистикии содироти дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, пешниҳод гардид, ки ҷиҳати сохта ва ба истофода додани маркази муштараки мазкур ширкатҳо ва бонкҳои ҳавасманди Федератсияи Россия ҷалб карда шаванд.
Намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат дар дарёфти маблағгузорӣ ҷиҳати татбиқи иқдоми мазкур изҳори омодагӣ намуд.
Ҳамзамон, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияти васеи содироти маҳсулоти кишоварзии барвақтию мавсимӣ ва молҳои саноатӣ буда, дар ин самт барои ҳамкорӣ бо марказҳои бузурги савдои Федератсияи Россия ҳавасмандӣ зоҳир менамоянд.
Дар маҷмуъ мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуда, ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуданд.