Рӯзҳои 7-8 августи соли 2025 дар шаҳри Остона ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷонибҳо масаълаҳои таҳкими ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои тиҷорат, иқтисодиёт, саноат, маориф, тандурустӣ ва дигар саҳаҳои афзалиятнокро мавриди баррасӣ қарор дода, дар руҳияи эътимоди мутақобила ва шарикии стратегӣ изҳори омодагӣ намуданд.
Дар кори ҷаласа Сироҷиддинзода Баҳриддин - директори Агентии содирот иштирок ва вобаста ба афзун намудани маҳсулоти ватанӣ ва бунёди инфрасохтори нигоҳдории маҳсулот ва басту банди он барои содироти кафолатноки минбаъда ба Қазоқистон суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар ҳошияи ҷаласаи мазкур вохӯрии директори Агентии содирот Сироҷиддинзода Баҳриддин бо директори генералии ҶС «Марказ рушди содирот «QazTrade»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Алдажаров Айтмухамед баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Агентии содирот ва ҶС «Маркази рушди содирот «QazTrade» мубодилаи афкор намуданд.