28 июли соли 2025 бо иштироки роҳбарияти Агентии содирот, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директор ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии содирот дар нимсолаи якуми соли 2025 маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ ба таври назаррас рушд намуда, 4731,1 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 316,8 млн доллар ё 7,2 фоиз зиёд мебошад.
Нишондиҳандаи содироти маҳсулоти ватанӣ, бе дарназардошти металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо 953 172,1 ҳазор долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 255 177,6 ҳазор доллар ё 36,6 фоиз зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти саноатӣ бе назардошти металлҳо ва сангҳои қимматбаҳо 919,3 млн долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 – 250,1 млн доллар ё 37,4 фоиз зиёд гардид.
Инчунин, дар нимсолаи якуми соли 2025 90,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 33,9 млн доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13,2 ҳазор тонна ё 5,0 млн доллар зиёд мебошад.
Сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби меваи хушк 18,2 млн доллар ё 53,7 фоиз, меваҷот 7,9 млн доллар ё 23,2 фоиз, сабзавот 4,7 млн доллар ё 13,8 фоиз ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 3,1 млн доллар ё 9,2 фоиз ташаккул ёфтааст.
Сипас байни намояндагони воситаҳои ахбори омма ва роҳбарияти Агентии содирот доир ба самтҳои фаъолият саволу ҷавоб сурат гирифт.