25 июля соли 2025 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми байналмилаллии сармоягузорӣ “Помиринвест-2025” баргузор гардид.
Дар кори форум муовини директори Агентии содирот - муҳтарам Ҷамолзода Абдуғаффор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи форуми мазкур панели алоҳида дар мавзуи “Имкониятҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, ҷалби шарикони хориҷӣ ҷиҳати содироти молу маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои байналмилаллӣ ва масъалаҳои раванди содиротии кишвар мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Инчунин, дар ҳошияи панели мазкур 5 созишномаи ҳамкорӣ дар самти содироти молу маҳсулотҳои ватанӣ байни ширкатҳои хусусӣ ба имзо расонида шуд.