22 июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини директори Агентии содирот Ҷамолзода Абдуғаффор иштирок намуд.
Дар сессия бахшида ба масъалаҳои савдои минтақавӣ ва логистика дар Осиёи Марказӣ масъалаҳои савдои электронӣ ва истифодаи имкониятҳои платформаҳои рақамӣ барои ҳамгироии содирот мавриди муҳокима қарор гирифт.