23 июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ситоди кории Агентии содирот оид ба содироти меваю сабзавот бо иштироки намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти гумрук, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, роҳбарияти вилояти Хатлон, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои он ва дигар мақомоти марбутаи кишвар баргузор гардид.
Ситоди корӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва иштирок дар семинар-машварат бо кишоварзони ҷумҳурӣ 16-17 майи соли 2025 баён доштанд, аз ҷониби Агентии содирот таъсис дода шудааст.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки маҳз таҳти роҳбариву роҳнамоии хирадмандона ва заҳматҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфузи иқтисодии кишвари азизамон, аз ҷумла иқтидори содиротии он ба маротиб афзуда, вазъи мазкур аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтазам эътироф гардида истодааст.
Бо шарофати иқдомҳои босамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаррохи содиротӣ гашта, номгӯйи маҳсулоти кишоварзии ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ то ба 50 адад расонида шуда, он ҳамасола ба зиёда аз 26 кишварҳои хориҷаи дуру наздик содирот мегардад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар 90,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 33,9 млн сомонӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13,2 ҳазор тонна (17,1 фоиз) ё 5,1 млн сомонӣ (17,5 фоиз) зиёд мебошад.
Аз ҷониби Агентии содирот баҳри баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, талаф наёфтани маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати бастани қарордодҳои пешакӣ барои харидории маҳсулоти мазкур аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, истеҳсолкунандагони хурду миёнаи дасти аввал барои омоданомоии пешазсодиротии маҳсулот, басту банди он зери тамғагузории миллӣ ва мутобиқгардонии он ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳо андешида шуда дар натиҷа тавассути КВД “Тоҷагропромэкспорт”-и Агентии содирот дар нимсолаи якуми соли 2025 тавассути дастгирии молиявии давлатӣ ба хориҷи кишвар 15,33 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки 17 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротшудаи ватаниро ташкил медиҳад.