8 июли соли 2025 дар ҳошияи сафари давлатииПрезиденти Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҶумҳурииТоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣва сармоягузории Тоҷикистон ва Қирғизистонбаргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ва Президенти ҶумҳурииҚирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок васуханронӣ намуданд.
Дар кори форум ҳайатҳои расмии сатҳи баланд, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчуниндоираҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорони хусусӣ азҳар ду ҷониб иштирок намуданд. Дар ҷараёнигуфтушунидҳо масоили вобаста ба муносибатҳоиТоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди онҳобаррасӣ шуд.
Ҳамчунин, дар форум роҳбарияти Агентии содирот иштирок намуда, дар он Созишномаи ҳамкорӣ миёни КВД “Тоҷагропромэкспорт”-и Агентии содирот ва Муассисаи давлатии Маркази рушди содирот ва пешбурди он “Киргиз экспорт”дар самти тақвият додани ҳамкориҳо ва содироти маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ба бозорҳои Қирғизистон ба имзо расонида шуд.