4 июли соли ҷорӣ дар Агентии содирот бо иштироки роҳбарияти Агентӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва коршиносони соҳа ҷаласа доир гардида, дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дастгирии содирот” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки лоиҳаи Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии амалинамоии дастгирии содиротро муқаррар намуда, принсипҳои умумӣ, таркиб ва чораҳои дастгирии давлатии содироти мол, кор ва хизматрасонии ватанӣ, ваколати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии содирот, инчунин баланд бардоштани рақобатпазирии молҳои ватаниро ҳангоми содироти молҳо муайян менамояд.
Қабули Қонуни мазкур дар оянда барои пешбурди содирот, ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи содироти маҳсулоти ниҳоӣ ва иштирок дар занҷираҳои арзиши иловашуда дар минтақа, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ, дарёфти бозорҳои нав ва тақвияти мавқеъ дар бозорҳои анъанавӣ, баланд бардоштани сатҳи боварии содироткунандагон ва сармоягузорон ба сиёсати ҷории содиротӣ ва дастгирии ташаббусҳои стратегӣ оид ба такмили иқтидори содиротӣ, пешбурди сиёсати маркетингии ҳадафгирона ва муташаккил, дарёфти роҳҳои такмили инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ ва ғайра мусоидат менамояд.