26 июни соли 2025 дар ноҳияи Ёвон бахшида ба 28-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зуҳурзода, раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентии содирот ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику муборакбод намуда, таъкид кард, ки дар саҳифаҳои таърихи даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон рӯзи 27-уми июни соли 1997 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Рӯзи ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо - сокинони Тоҷикистон санаи муборак ва таърихӣ ба ҳисоб меравад. Таҷлили ин ҷашни сарнавиштсоз нишонаи возеҳи арҷгузории мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзишҳои муқаддаси сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва амнияту осоиш мебошад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки дар натиҷаи заҳматҳои ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба даст омад.
Инчунин, қомат афрохтани даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, аз қабили мактабу кӯдакистонҳо, муассисаҳои тиббӣ, толору майдонҳои варзишӣ, инчунин, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ки натиҷаи заҳмати мардуми ноҳияи Ёвон мебошад, нишонаи возеҳи ободӣ, рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии ҳамватанонамон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ёвон ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Агентии содирот се иншоот аз қабили Бунгоҳи саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов, Бунгоҳи саломатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ёвон ва Маркази савдою хизматрасонӣ дар Ҷамоати деҳоти Норин мавриди истифода қарор дода шуд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо чорабинии фарҳангии омоданамудаи ҳунармандон дар сатҳи баланди идона ҷашн гирифта шуд.