Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дарёфти роҳу воситаҳои дастгириву ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонии пахтапарварӣ бо сафарбар намудани кормандон ба минтақаҳои пахтакории кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби роҳбарият ва кормандони Агентии содирот гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, аъзои гурӯҳ дар моҳҳои март, апрел, май ва июни соли 2025 ба ноҳияи Ёвон пайваста сафарҳои корӣ анҷом дода, аз заминҳои кишти пахтаи ноҳияи Ёвон, ки яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзию саноат ба ҳисоб меравад, дидан намуданд.
Аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ёвон ба кишту парвариш ва ҳосили босифати пахта таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои равона кардани 60-65 дарсади заминҳои корами обӣ барои кишти пахта, инчунин баҳри таъмини нақшаи дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ заминистифодабарандагони ноҳия чораҳои дахлдор роҳандозӣ намуда истодаанд. Ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ дар майдони 22 ҳазору 597 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шудааст, ки 100,2 фоизи нақшаро ташкил дода, аз он 10 ҳазору 517 гектар кишти пахта мебошад.
Кишти пахта бо истифода аз тухмиҳои хушсифати ба иқлими мо тобовар бо риояи қоидаҳои агротехникӣ гузаронида шудааст.